Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 68-уми ҷашнии Шўрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 3.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 68-уми ҷашнии Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тайи ду рӯз ҷараён гирифта, мақсади он ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ мебошад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии фаъолияти Шӯро аз ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ, ташаккули механизмҳои самарабахши танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба содагардонии муқаррароти гумрукӣ ва расмиёти он, таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо баҳри таъмини назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии мол, ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар мақомоти манфиатдори миллии ИДМ дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии узви ИДМ 23 декабри соли 1993 ташкил ёфта, соли равон аз таъсиси он 25 сол мегузарад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






