Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи мушовираи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад

Октябрь 16, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии мушовираи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба  мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷустуҷӯи ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда, бе ному нишоншудагон, муайян кардани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда ва ғайра баррасӣ мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии он ба имзо расида, барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки 24 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳолати вақт ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати меҳмонони Вазорати корҳои доххилии Федератсия   Россия аз мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатии «Боғи Ирам» ва манзараҳои дараи Варзоб дидан менамоянд.

 

Октябрь 16, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд