ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Ба ин муносибат дар Душанбе озмуни расмҳои кӯдакону наврасон баргузор гардид

Октябрь 13, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ озмуни   расмҳои  байни кӯдакону наврасон баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маркази рушди истеъдоди кӯдакон ва наврасони пойтахт ва дастгирии Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар он хурдсолону наврасон дар мавзӯи «Барои пешгирӣ кардани офатҳо ва омода будан ба он» расмҳо тасвир намуданд.

Котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ҳадафи асосии баргузор намудани озмунро таҳкими чораҳои бехатарӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва омода намудани кӯдакон ба рафтори дуруст ҳангоми рух додани офатҳои  табиӣ арзёбӣ намуд.

Мақсад Ҷалилов, хонандаи мактаби №17-и пойтахт, ки дар ин озмун иштирок дошт, расми худро ба заминларза бахшида, дар он рафтори дуруст намудан ҳангоми заминларзаро тасвир кардааст. Ӯ мегӯяд, ки пас аз иштирок дар ин озмун дар бораи офатҳои табиӣ ва рафтори дуруст ҳангоми сар задани он маълумоти бештар дарёфт кардааст.

Анастасия Камбина, хонандаи мактаби №17-и шаҳри Душанбе расми тӯфону селро тасвир намудааст. Анастасия мегӯяд, ки рух додани тӯфону сел барои минтақаи Тоҷикистон ҳодисаи маъмулӣ ҳам бошад, бисёр одамон намедонанд, ки ҳангоми сар задани ин гуна офатҳои табиӣ чӣ кор бояд кунанд. Аз ин сабаб, бо ин расми худ ӯ мехоҳад гӯяд, ки аз селу тӯфон эҳтиёт кунанд ва дар ҳолати зарурӣ ба КҲФ ва МГ хабар диҳанд.

Дар озмуни мазкур қариб 100 нафар кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд. Дар охир озмун ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳои масъулин қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки тибқи Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 13 октябри соли 1989 дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, бахшида шудааст.

Октябрь 13, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст