КӢ МОШИНИ «ТИКО»-РО БА ЯҒМО БУРД? Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад…
ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолатҳо новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз ин гуна хабарҳоро бо мақсади ҳушдор ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба хонандагон пешниҳод мекунем.
Ғайриқонунӣ бурдани мошини тамғаи «Тико»
Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30 сентябри соли 2018, тахминан соати 20:00, шахси номаълум аз назди хонаи истиқоматиаш мошини шахсиаш тамғаи «Тико»—ро ғайриқонунӣ ронда бурдааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонписари 17-солаи сокини деҳаи Ҳамадонии шаҳри Турсунзодаро бо гумони ғайриқонунӣ ба ин кор даст задан дастгир намуданд.
Садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш
1 октябри соли 2018, соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи«Опел-Астра» Сайҷалолов Бобоҷон Фатҳуддинович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Хиштироки ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди деҳаи Хумдон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди хурдсол Яхшиев Убайдулло Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 5 МТМУ, сокини деҳаи Дарбандро пахшкардааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол У.М. Яхшиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳалокати велосипедрон дар садама
30 сентябри соли 2018, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Умаров Шуҳратҷон Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Зарзамин-Ғафуров» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон Ҳайдаров Умаралӣ, соли таваллудаш 1949, сокини маҳаллаи Шухаки ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа велосипедрон Ҳайдаров У. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ошкор шудани куштори зани 61-сола
Ба шуъбаи 1- ВКД дар ноҳияи Сино марди 30-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки 1 октябри соли 2018, тахминан соатҳои 02:30, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиашон шуда, модараш, зани 61-сола, зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоевро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти халандаю буранда 3 маротиба ба қисми чапи гарданаш задаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Боздошти дузди манзили сокинон
Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21 сентябри соли 2018, тахминан соати 09:30, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 5 ҳазор сомонӣ, 5 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 9 ҳазору 750 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Зимни гузаронидани тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда дар якчанд ҳолати дуздӣ даст дошта, аз манзили сокинон маблағ ва молу ашёи онҳоро дуздӣ менамудааст.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






