Кишоварзони Бадахшон дар ҷашни Меҳргон дастранҷи худро бо нархи арзон ба фурӯш гузоштанд
ХОРУҒ, 15.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Меҳргон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Кишоварзони ҳар як ноҳия кӯшиш карданд, ки дар ин ҷо маҳсулотеро ба фурӯш гузоранд, ки дар дигар ноҳияҳо парвариши он ғайри имкон аст ва ё агар бошад ҳам, нархаш гарон мебошад.
Аз ин рӯ боғдорони ноҳияи Дарвоз ба ин ярмарка анору анҷир ва лимӯ оварданд, ки бо сабаби сардии ҳаво дар ягон ноҳияи ин вилоят парвариши чунин намуди маҳсулот имкон надорад. Кишоварзони ноҳияи Ванҷ одатан бо чормағзи худ таваҷҷуҳи харидоронро ба худ ҷалб мекунанд. Ҳоло дар бозори шаҳри Хоруғ як килограмм чормағз бо нархи 25-30 сомонӣ фурӯхта мешавад, аммо дар рӯзи Меҳргон нархаш то 15 сомонӣ поин омад.
Ба гуфтаи сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов, «замини корам дар дар вилоят хеле кам аст ва аз ин рӯ деҳқонон дар кӯҳдоманҳо заминро аз регу санг пок намуда, камари кӯҳро канда, ҷӯйбор месозанду боғ бунёд мекунанд. Шояд аз ҳамин сабаб нархи маҳсулоташон баланд аст, аммо дар иди Меҳргон аксарияти деҳқонон маҳсулоташонро бо нархи арзон ба сокинони шаҳр пешкаш карданд, то онҳо маҳсулоти заруриро барои зимистон захира кунанд».
Бояд гуфт, ки дар намоиш нархи карам, пиёзу сабзӣ якуним сомонӣ, картошка ду сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд, ки нисбат ба нархи бозори марказӣ як баробар арзон буд. Ба ҷуз ин дар иди Меҳргон деҳқонон аз ноҳияҳои гуногуни вилоят бо ҳам дидору гуфтугӯ мекунанду аз таҷрибаи ҳамдигар огоҳ мешаванд. Инчунин дар бораи иваз кардани тухмӣ бо ҳам шартнома мебанданд.
Дар иди Меҳргон ба чанд нафар пешқадамони соҳаи кишоварзӣ ифтихорномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






