Комрон Ҳидоятзода дар Озмуни байналмилалии сиёсатшиносон дар Москва ғолиб гардид

Октябрь 26, 2018 11:21

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода дар Озмуни байналмилалии «Мақолаи беҳтарини сиёсатшиноси ҷавон – 2018» ғолиб гардид.

Озмун аз ҷониби нашрияи россиягии «Русская политология – Russian political science» баргузор карда шуд, ки якҷо бо сиёсатшиносони Москва ва донишгоҳҳои минтақавии Россия ҳамчунин намояндагони марказҳои илмии хориҷиро муттаҳид мекунад.

Ҳайати таҳририяи маҷалла мақолаи таҳлилии коршиноси ҷавони тоҷикро яке аз маводи нодир ҳисоб кард.  Он дар доираи мавзӯи муайяни пешниҳодгардида — «Нуфузи Россия ва Хитой дар ташаккули тартиботи ҷаҳонӣ дар мисоли Осиёи Марказӣ» навишта шуда буд. Кори анҷомдодаи ғолибро сармуҳаррири маҷалла А. Горохов бо дипломи фахрӣ қадрдонӣ намуд. Ғайр аз ин, барои иштироки фаъолона ӯ узви ҳайати таҳририяи ҷавонони «Русская политология — Russian political science» ва шӯрои коршиносон — сиёсатшиносони ҷавон гардид.

Комрон Ҳидоятзода мегӯяд, интизор надошт, ки мақолаи таҳлилии навиштаи ӯ яке аз беҳтаринҳо интихоб мешавад: «Дар озмун аз донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ва марказҳои таҳлилии давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Сербия, Украина, ИМА, Уммон, Афғонистон беш аз 50 сиёсатшинос иштирок доштанд».

Ба қавли мутахассис, ӯ дар мақолааш кӯшиш намудааст, ки сабаб ва пайомадҳои бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмилалиро, ки дар он Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дорад, муайян намояд.

«Нуфуз ва захираи Россия ва Чин ҳамчун маркази қудрати алтернативӣ дар ташаккули тартиботи ҷаҳонӣ дар мисоли минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардидааст. Таваҷҷуҳи бештар ба таҳлили мавқеи давлатҳои минтақа дар шароити кунунии рушди муносибатҳои байналмилалӣ бо инобати манфиатҳои миллии ҳар як давлати Осиёи Марказӣ равона карда шудааст»,-иброз дошт К. Ҳидоятзода. Мавсуф илова намуд, ки ғалабаи худро ба оилааш мебахшад, зеро фаъолияти касбии ӯро қотеъона дастгирӣ менамоянд. Инчунин ба роҳбари илмиаш, профессор Гузал Майтдинова низ изҳори сипос менамояд, ки бо шарофати ӯ чунин ғалаба ба даст омад.

«Ҳамчунин мехоҳам ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккур гӯям, ки ба ҷавонон имкони рушди касбиро фароҳам овардаанд. Дар оянда, барои тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар фазои АвруОсиё, махсусан Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати илмӣ-таҳлилӣ саҳми худро мегузорем»,-хулоса намуд Комрон Ҳидоятзода.

 

Октябрь 26, 2018 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд