Маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018» ифтитоҳ гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он иттилоъ медиҳад, озмун бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ, муаррифии молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Агентии «Тоҷикистандарт» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дар озмуни мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз маҳсулоти ба намоишгузоштаи корхонаҳое, ки ба даври хотимавӣ роҳ ёфтаанд, дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар озмун 484 субъекти хоҷагидор фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 88 – тои он ба даври финалӣ роҳ ёфта, имрӯз маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки озмун аз соли 2008 инҷониб дар 2 сол як маротиба гузаронида мешавад.
Гузориши муфассал аз ҷараёни ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2018» дар сомонаи АМИТ «Ховар» пешниҳод мешавад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






