Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд

Октябрь 19, 2018 08:37

ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Бурунди Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Алберт Шингиро ба имзо расониданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Бурунди давлати хурде дар Африқои Марказист, ки аҳолии он тақрибан 10 миллион нафар аст. Он дорои захираҳои калони тилло ва дигар маъданҳо мебошад. Бурунди чун давлати мустақил аз асри XVII то охири асри XIX арзи вуҷуд карда, сипас мустамликаи Германия ва пас аз ҷанги якуми ҷаҳон мустамликаи Белгия мегардад. 1 июли соли 1962 Бурунди ҷумҳурии мустақил эълон карда шуд.

Пойтахти Бурунди шаҳри Бужумбура-маркази асосии саноатию нақлиётӣ ва маъмурию фарҳангии кишвар мебошад. Шаҳр дар соҳилҳои шимолу шарқии кӯли Танганика ҷойгир аст. Пойтахти ин давлат дар ҷойи деҳаи хурди моҳигирӣ бунёд шуда, ҳоло дар инҷо қароргоҳи президент, идораҳои ҳукуматӣ, бонкҳо, калисоҳо ва масҷидҳо мустақаранд. Шаҳри Бужумбура чун «бандари қаҳвагӣ» низ маъруф аст, зеро қаҳва маҳсулоти асосии содиротии ин кишвар мебошад. Бандари Бужумбура яке аз бандарҳои калонтарин дар Африқо аст.

Октябрь 19, 2018 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд