Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Мухаммедкали Абилгазиев

Октябрь 11, 2018 17:34

ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз  мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо Сарвазири Ҷумҳурии  Қирғизистон Мухаммедкали Абилгазиев, ки барои иштирок дар дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ  баррасӣ намуданд.

Доир ба таҳкими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика,истифодаи захираҳои об,  инфрасохтори роҳу нақлиёт,  кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг, таҳкими кори комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва марзи байнидавлатӣ, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байниҳамдигарии минтақаҳои  наздисарҳадӣ  низ табодули афкори судманд доир гардид.

Октябрь 11, 2018 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд