Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад

Октябрь 8, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 8.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ иштироки муаллифони асарҳо, ба тамошо ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намуди маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор пешбинӣ шудааст.

Ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро ба ин намоишгоҳ пешниҳод менамоянд.

Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба маъраз гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

 

Октябрь 8, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд