Намояндагони Тоҷикистону Америка масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро баррасӣ намуданд

Октябрь 15, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка масъалаҳои  мубориза бо терроризм ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро баррасӣ намуданд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки баррасии масъалаҳои мазкур зимни боздид ва шиносоии  гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот роҳбари Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтон аз фаъолияти он ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ маълумот дод.

«Дар ҷараёни боздид гурӯҳи кории вазорат бо кори камераҳои мушоҳидавии шаҳри Вашингтон, нақш ва фаъолияти онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаи ҳаракат дар роҳ аз наздик шинос гардид»,-илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи кории ВКД сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, генерал-майори милитсия Суҳроб Рамазонзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, генерал-майори милитсия Фарҳод Шодмонзода  ва дигарон шомил мебошанд.

Мақсад аз сафари онҳо шиносоӣ бо фаъолияти полиси ИМА ва омӯхтани таҷрибаи он дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла, тарзи кори полиси сайёҳӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз аввали моҳи октябр то имрӯз дар чандин ҳамоишу мулоқот оид ба мубориза бо терроризму экстремизм, ислоҳоти милитсия, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ  иштирок намуданд.

Сафари кории гурӯҳ 18 октябр ба анҷом мерасад.

Октябрь 15, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст