Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сардорони политсия дар ИМА иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Орландаи Иёлоти Флоридаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конфронси байналмилалии ҳарсолаи сардорони политсия, ки 6 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки дар конфронси мазкур 15 000 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла, намояндагони вазорат иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории конфронс Намоиши таҷҳизоти политсия ва техникаи навтарин оид ба муайян ва тафтиши ҷиноятҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Конфронси байналмилалии ҳарсолаи сардорони политсия ҷиҳати васеъ гардидани имкониятҳо ва робитаи зичи касбӣ бо ҳамкорон дар тамоми гӯшаю канори олам мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз соли 1893 инҷониб ҳар сол баргузор мегардад.










Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






