Наврасони оворагард ба омӯзиш ва сайри мавзеъҳои таърихию маданӣ фаро гирифта мешаванд

Октябрь 27, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ»- таҳти чунин унвон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ва наврасони ба оворагардӣ машғул барномаи омӯзишӣ  доир гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки  оворагардии наврасону ҷавонон ташвишовар буда, барои тарбияи дурусти онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ натиҷаҳои манфӣ ба бор меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа яке аз пешқадамтарин давлат шинохта шуда, имрӯзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ин қишри ояндасоз таваҷҷуҳу ғамхории зиёд зоҳир мегарданд. Имрӯз дар кишвар тамоми имконият ва инфрасохтори зарурӣ барои тарбияи дурусти насли наврас фароҳам оварда шудааст. Вале,  мутаассифона баъзе падару модарон  фарзандони хешро назорати ҷиддӣ намекунанд, ки ин сабаби ба  оворагардӣ мешғул шудани наврасон мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳамоиши мазкур 30 нафар наврасон ва ҷавононе, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул буданд, ҷалб гардида, муддати се рӯз ба омӯзиши психологӣ ва ҳамзамон саёҳати мавзеъҳои таърихию маданӣ, бозиҳои гуногуни илмию варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Мақсад аз роҳандозии барномаи  омӯзишии «Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ»- ин  таълиму тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби замони муосир, дар замири наврасон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба ин восита аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ ҷалб намудани онҳо  мебошад.

Соли дуюм аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади пешгирии оворагардии ҷавонон чунин барномаҳои омӯзиширо ташкил менамояд.

Октябрь 27, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст