Нозири андоз ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад…

Октябрь 24, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, ҷинояткориву қаллобӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, дар ин самт кормандони  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд.

Ҳоло чанде аз хабарҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз раванд ва натиҷаи фаъолияти кормандони он ба АМИТ «Ховар» пешниҳод гардидаанд, ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо манзури хонандагон мегардонем.

 

Боздошти нозири андоз барои гирифтани пора

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, нозири андози шаҳри Турсунзодаро ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир намуданд.

Номбурда 20 октябри соли 2018, тахминан соати 18:30, дар худуди бозори марказии ш. Турсунзода аз марди 24-солаи сокини ин шаҳр 1000 сомониро ҳамчун пора талаб намуда, гирифтааст.
Аз номбурда маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Оташ задани хона бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 25-солаи сокини деҳаи Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13 октябри соли 2018, тахминан соатҳои 18:00, шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқ 11 ҳазору 400 сомониро тасарруф намудааст. Пас аз ин кор онҳобарои пинҳон намудани изи ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 24-солаи сокини деҳаи Зиракӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Садамаи нохуши нақлиётӣ сабаби марги ноболиғ гардид

23 октябри соли 2018, тахминан соатҳои 11:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Исмоилов Пардабой Бобомуродович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Гулафшон ба самти ноҳияи мазкур, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Себистон аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ рафта, бо мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда Икромов Қиёмиддин Асҳобович, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Розиён бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра»-и якум Исмоилов П.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, мусофири дохили мошини дуюм, ноболиғ, Абдулҳақов Аюбҷон Аҳлидинович, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Розиён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

Октябрь 24, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд