Обу ҳаво: ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво якбора сард мешавад

Октябрь 6, 2018 19:13

ДУШАНБЕ, 06.2018./АМИТ «Ховар»/. Аз ҳафтаи оянда обу ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон сард шуда, боришоти зиёд дар назар аст. Дар ин бора «АП» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, пас аз рӯзҳои истироҳат ҳарорат дар ҷумҳурӣ то 8-10 дараҷа поин меравад. Аллакай аввали ҳафтаи оянда, 8 октябр борон ва баъзан барф борида, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад.

Баъди 9 октябр боришот хотима ёбад ҳам, вале рӯз то рӯз ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд», — омадааст дар хабари «АП».

Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, ҳарорат рӯзона 27 ва шабона 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ду рӯз ҳаво абрноку бебориш ва ҳарорат дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе суръати вазиши шамол то ба 20-25 метр дар як сония расида, баъзан ҳаво чангу ғуборолуд мегардад.

Дар вилояти Суғд рӯзҳои истироҳат ҳавои абрнок, рӯзи якшанбе дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо (шабона дар баландии беш аз 2000 метр) боридани барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо каме барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 6, 2018 19:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд