ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарм дар назар аст

Октябрь 22, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 22.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ асосан  ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона то 5 дараҷа сард шудани он пешгӯӣ мегардад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 дараҷа хунук, рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш мешавад. Ҳарорат шабона 3+8 ва рӯзона ба +19+24 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +21+23 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 22, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд