ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат ба 29 дараҷа мерасад

Октябрь 24, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15  ва рӯзона -1+6 дараҷа гарм  мешавад.

.Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8  метр   ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона  19+24    дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок    дар назар буда,  дар водиҳо шабона +7+12 ва рӯзона +24+29   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 1+6 ва рӯзона ба +23+28 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +3+5  ва рӯзона +25+27  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 24, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд