ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +5+10 ва рӯзона ба +11+16 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






