ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок, боридани борон ва барф дар назар аст

Октябрь 16, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 17 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора ноустувор шуда, боридани борон ва то 10 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои Агентӣ, дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони сел ва ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони сел дар назар дошта шуда, бегоҳии рӯз он ба барф табдил меёбад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ борони ба барф табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона дар доманакӯҳҳо аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ борону барф борида, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво каме гармтар мешавад – дар инҷо низ боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона дар водиҳо 6-11 ва шабона дар доманакӯҳҳо 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 16, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст