ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст

Октябрь 31, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +2+7, рӯзона  +12+17  ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9   ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок     шуда,  борон ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11  ва рӯзона  9+14   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда,  бар баъзе ноҳияҳо боридани борон   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +11+16   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда,  борон ва дар баландии 2500 м барф дар   назар буда, ҳарорат шабона ба 6+11 ва рӯзона ба +9+14 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон  дар назар аст.  Ҳарорат  шабона +7+9  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

 

Октябрь 31, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд