ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -1-6 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 1500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +5+10 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ва дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +3+8 ва рӯзона ба +12+17 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






