ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст

Октябрь 17, 2018 08:39

ДУШАНБЕ, 17.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, боридани борон ва барфи тар дар назар аст.  Инчунин 18 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво   ноустувор   шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ   ҳарорат аз 10 то 17 дараҷа   паст мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон   дар назар дошта шуда,  он ба барф табдил меёбад. Дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ борон ва барфи тар пешгӯӣ шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  дараҷа ва рӯзона  +5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   борону барф борида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  5+10 ва дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  боридани борон дар назар дошта шуда,  дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ба барфи тар табдил меёбад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  2+7  ва рӯзона 10+15   дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 17, 2018 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст