ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар вилояти Хатлон то 24 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 20, 2018 09:31

ДУШАНБЕ, 20.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона +9+14 ва дар шарқи ин вилоят шабона -6-11 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона аз 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона +4+9 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона 1+6 ва рӯзона ба +18+23 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +2+4 ва рӯзона +19+21 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 20, 2018 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд