ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона 8+13 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона +5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6 ва рӯзона ба +16+21 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +3+5 ва рӯзона +18+20 дараҷа гарм мешавад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






