ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба 29 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 26.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона -1+4, рӯзона +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 4+9 ва рӯзона ба +24+29 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +5+7 ва рӯзона +25+27 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






