«ОШИ ПАЛОВ» ДАР «ЛАЗЗАТИ ПАНҶАКЕНТ». Дар шаҳри соҳили Зарафшон нахустин бор чунин фестивалҳои калон доир шуданд

Октябрь 1, 2018 16:45

ДУШАНБЕ, 01.10.2018. /АМИТ «ХОВАР»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал дар шаҳри Панҷакент фестивали «Лаззати Панҷакент» баргузор гардид. Дар он тамоми ҳунармандони шаҳру деҳот ва намояндагони 14 ширкати сайёҳӣ маҳсули хешро ба маъраз гузоштанд. Фестивал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм дар водии Зарафшон» доир карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯз ҳамчунин фестивали «Оши палов» низ доир карда шуд. Дар он зиёда аз 10 ошпаз ширкат намуда, малакаи ошпазии хешро нишон доданд.

«Дар чорабинии фарҳангӣ дар баробари меҳмонон ва сокинон ҳамзамон даҳҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ширкат варзида, бо ҳунару анъанаҳои мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо карданд. Сайёҳон дар назди ҳунармандон бо табақҳои оши тоҷикӣ ва дегҳо аксбардорӣ мекарданд. Фестивал ду рӯз идома ёфта, меҳмонону сайёҳон бо ёдгориҳои беназири таърихии Панҷакент, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимӣ шинос шуданд»,-гуфт манбаъ.

Ҳайати ҳакамон беҳтарин ошпазҳо-ғолибонро муайян карда, ба ошпази маҳаллаи Шафтолузор Облоқул Абдулхонов ҷои аввал (500 сомонӣ),  ба ошпази маҳаллаи Азизобод Мавлон Фахриев ҷои дуюм (300 сомонӣ) ва ба ошпази Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Аброр Қодиров мақоми сеюмро (200 сомонӣ) сазовор донистанд.

Ғолибон бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Панҷакент ва туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ хотири  меҳмонони дохиливу хориҷиро болида гардонида, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуд.

Октябрь 1, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд