Пешвои миллат: «Имрӯз забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки мояи ифтихори мо мебошад»
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро тақозо менамояд. Яъне мо ба забон пайваста мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем.
Дар акси ҳол забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ омада буд. Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд. Ба ин хотир, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Ин нукта имрӯз дар Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баён гардидааст.
Дар идомаи ин табрикот Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки «мо нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи мамлакат забони давлатӣ эълон намудем ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем. Минбаъд барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид.
Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.
Маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди миллат мебошад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






