Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз пас аз анҷоми маросими расмии қабул ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду кишвар ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо овард.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковиндро муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.













Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






