Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд хотираи фарзандони барҷастаи мардуми ҳиндро дар Душанбе гиромӣ дошт

Октябрь 8, 2018 17:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд дар доираи сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи фарзандони барҷастаи мардуми ҳиндро гиромӣ дошт ва ба пояи муҷассамаҳои Маҳатма Гандӣ ва Робиндранат Такур гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ  соли 2003 дар доираи сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бардошта шуда буд.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар  маросими пардабардорӣ  ва ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги ҳинд Робиндранат Такур дар шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмию фарҳангӣ ва тиббии Ҳиндустон амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии ду давлат равона шудааст.

 

Октябрь 8, 2018 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд