Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе: «Ба сухангӯи Хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе ягон хел ҳамла сурат нагирифтааст»

Октябрь 15, 2018 14:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки иттилооти расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар мавриди аз ҷониби нафарони номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Собиров дар маркази шаҳри Душанбе асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нигаронӣ иттилоъ додааст, ки нашри чунин хабарҳои ҳангомасоз тавассути сомонаҳои иттилоотӣ сабабгори пайдо гардидани ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеаи орому осуда мегардад.

«Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар вокуниш ба иттилооти ғайривоқеӣ ва носаҳеҳи расонаҳои хабарӣ ба иттилои сокинон ва кулли намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки хабари мазкур ҳанӯз 13 октябр дар Китоби қайди маълумот оид ба ҳодисаҳои шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун «ҳодисаи нохуш» ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва шаффоф қарор дода шудааст»,- омадааст дар идомаи иттилоия.

Манбаъ иттилоъ медиҳад: «Дар натиҷа кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки  13 октябри соли равон, соати 11:02 ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш шаҳрванд Фахриддин Собиров, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст».

Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кумак намудан ба нафари афтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба Беморхона интиқол медиҳанд.

«Аз маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки зимни муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Фахриддин Собиров ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло будааст ва ин омил сабабгори асосии беҳушӣ ва ба замин афтидани Собиров шудааст»,- илова намуд манбаъ.

Октябрь 15, 2018 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд