Роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе дурнамои таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид. Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар он роҳбарону намояндагони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба дурнамои таҳкими ҳамкории гумрукиро дар доираи ИДМ баррасӣ намуданд.
Ҷаласаро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ дар Душанбе дар ҳоле доир мегардад, ки соли равон аз таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ, ки 23 декабри соли 1993 созмон дода шудааст, 25 сол сипарӣ мегардад.
Дар ин росто, Хуршед Каримзода иштирокдорони ҷаласа –роҳбарону намояндагони мақомоти гумруки ИДМ-ро бо ин санаи муҳим табрик намуда, таъкид кард, ки ҳадаф аз бургузории ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукӣ ва ҳалли проблемаҳои умумии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ мебошад.
Ҳамзамон дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Иванов зикр кард, ки рӯзномаи ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гуруки кишварҳои ИДМ фарогири 11 масъалаи муҳим мебошад, ки ҳалли онҳо ба ҳамкории минбаъдаи самарабахши мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ баъд аз шунидани маълумоти котиботи Шӯро оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи 67-уми Шӯро қабулгардида, лоиҳаи технологияи намунавии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук ва интиқолдиҳандагон тавассути роҳҳои оҳани давлатҳои ИДМ ҳангоми амалиёти гумрукӣ (ба расмиятдарории гумрукӣ) ва назорати гумрукии молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд, баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи талаботи намунавӣ барои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ, иштироки мақомоти гумруки ИДМ дар лоиҳаи озмоишии Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ доир ба васеъ истифода намудани забони русӣ дар фаъолияти СҶГ, ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нашри русии системаи ҳамоҳангсозии шарҳ ва рамзгузории молҳо, номгӯи моли фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ матраҳ шуда, доир ба онҳо қарорҳои марбута қабул гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар дохили Иттиҳод, самти фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ аз ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ, ташаккули механизмҳои самарабахши танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба содагардонии муқаррароти гумрукӣ ва расмиёти он, таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои таъмини назорати гумрукӣ ва ба расмиятдарории гумрукии мол, ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар мақомоти манфиатдори миллии ИДМ дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ, ташкили табодули маълумоти омори гумрукии савдои хориҷӣ дар доираи ИДМ, таҳияи барномаҳои стратегӣ оид ба таъмини мақомоти гумруки ИДМ бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкории гумрукӣ ҷиҳати таҷдид ва навсозии дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ нигаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси регламенти тасдиқгардида, ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ дар як сол ду маротиба бо навбат дар яке аз кишварҳои ИДМ баргузор мегардад. Инчунин дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ раис ва котиби Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ таъйин гардида, нақшаҳои кории Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ ва Кумитаи роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи зерсохтори Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ барои соли 2019 тасдиқ карда шуданд.
Интизор меравад, ки соли 2019 Ҷумҳурии Қирғизистон мизбони баргузории ҷаласаи 69-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ гардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»












Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






