«Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ». Таҳти ин ном дар Душанбе конференсияи илмию назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ, фарҳанги куҳану ҳамранг будани мардумони тоҷику ӯзбек шаҳодат медиҳад, ки ин ҳама маҳз бо саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв сурат гирифт. Ин матлаб дар конференсияи илмию назариявӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ» доир гардид, баён шуд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз созмондиҳандагони конференсия ҳастанд, инчунин намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва олимону коршиносон иштирок намуда, роҷеъ ба ҳамкории афзалиятноки Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози андеша карданд.
Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳо, иродаи сиёсӣ, дурандешию хирадмандии Сарварони ду кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат дар тамоми самтҳо густариш меёбанд. Сафарҳои давлатии Сарони ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави таърихӣ боз кард.
Дар доираи сафарҳои давлатии Сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар беш аз 50 санади байнидавлатӣ ба имзо расид, ки дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии ду мамлакат нақши муассир мегузоранд. Хусусан ба имзо расидани Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба баланд гардидани сатҳи ҳамкории ду ҳамсоякишвар мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки ифтитоҳи беш аз 10 гузаргоҳи сарҳадӣ ва ҷорӣ намудани сафари шаҳрвандони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар дар зарфи як моҳ бидуни раводид ба тақвияти ҳамкории коммуникатсионӣ, рушди тиҷорат, омаду рафти шаҳрвандони ҳар ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар мусоидат намуд. Дар ин замина байни шаҳрҳои Хуҷанд-Тошканд, Панҷакент-Самарқанд, Душанбе-Деҳнав, Душанбе –Тирмиз хатсайрҳои нақлиётӣ барқарор гардидаанд, ки барои сафари мусофирон тавассути автобусҳои бароҳат ба шаҳрҳои ҳарду давлат мусоидат менамоянд.
Тибқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон, гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 128,3 миллион доллари америкоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 7 миллион доллари америкоӣ зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 75 миллион доллар ва воридот аз ин давлат 53,3 миллион долларро ташкил намуд, ки тавозуни савдо аз ҷониби Тоҷикистон 21,7 миллион доллар мусбат арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон дар нишаст таъкид шуд, ки чанде қабл дар Душанбе бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» ба истифода дода шуд, ки шаҳодати тавсеаи дӯстиву рафоқат ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуда, пешниҳодоти судманд баён карданд.
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш боз ҳам густариш ёфтани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ба ин восита таҳким бахшидан ба дӯстию бародарии ду миллат арзёбӣ шуд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»













35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд






