Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ба ифтихори истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳ парчамҳои Тоҷикистон ва Чин барафрохта шуда, инчунин қаровули фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.
Дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян дар кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирони) Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 12 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.




















Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






