Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Урдун созмон дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун тасмим доранд, ки дар оянда дар бахши сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди роҳ ва кишоварзӣ, хусусан коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон саҳм гузоранд. Дар ин росто, имрӯз масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони Урдун дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати доираҳои тиҷоратии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар Душанбе баррасӣ гардид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳайати тиҷоратии Урдунро бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар ошно намуда, гуфт, ки Тоҷикистон бо захираҳои бои табиӣ ва мавқеъияти хоси ҷуғрофияш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидорҳои бузурги иқтисодию тиҷоратӣ буда, барои сармоягузорон дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат буда, дар мамлакат минтақаҳои озоди иқтисодӣ, назири «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати соҳибкорони Урдун ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байналмилалии соҳибкории Душанбе 2018, ки таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» 15 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Интизор меравад, ки дар доираи сафар ба Тоҷикистон соҳибкорони Урдун бо имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос гардида, дар самти тавсеаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо доираҳои соҳибкорони тоҷик мулоқот анҷом диҳанд.
Ташрифи ҳайати соҳибкорони Урдун ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи декабри соли 2017 дар шаҳри Амон- пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Инчунин Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба имзо расонида шудааст, ки интизор меравад дар оянда байни ду давлат Шӯрои соҳибкорон созмон дода шавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






