«ШОДИИ ТОШКАНД». Рассомони хурдсоли Тоҷикистон ба намоиши байналмилалӣ даъват мешаванд

Октябрь 2, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 2.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Академияи санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Намоиши VII байналмилалии тасвири кӯдакон таҳти унвони «Шодии Тошканд» баргузор мегардад. Намоиши мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши рассомӣ моҳи декабри соли равон баргузор гардида, барои иштирок дар он  кӯдакони аз 5 то 15-сола аз кишварҳои гуногун, инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Мавзӯъҳои мусаввараҳо соли ҷорӣ чунинанд: «Дунёи кӯдакӣ», «Ватани ман», «Ҷаҳоне, ки ман зиндагӣ мекунам», «Орзуи ман», «Ӯзбекистон аз нигоҳи ман».  

Октябрь 2, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд