«Шоми Душанбе» аз дурбини суратгири ӯзбек

Октябрь 25, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Симои Душанбеи муосир воқеан зебову диққатҷалбкунанда гардидааст. Пойтахти тоҷикон дар фурсати кӯтоҳ ба яке аз шаҳрҳои зебои на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа табдил ёфтааст. Тарҳи зебои биноҳои Душанбе, ки дар он санъати меъмории Шарқу Ғарб омезиш ёфтааст, таваҷҷуҳи ҳар меҳмонро ба худ ҷалб мекунад.

Роҳбарони давлатҳои зиёди хориҷӣ, ки имсол зимни ҳамоишҳои сатҳи баланд ба Душанбе ташриф оварданд, зебоии пойтахти Тоҷикистонро алоҳида зикр менамуданд.

Журналистони хориҷие, ки меҳмони Душанбе буданд, ҳама мафтуни он гардида, гузоришу лавҳаҳои зиёди худро ба тасвири симои зебои Душанбе бахшиданд.

Аз ҷумла, суратгири Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Муҳаммад Амин пас аз сайругашт дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва тамошои симои муосири он ба ваҷд омада, муҷассамаҳо, боғу гулгаштҳои зебо ва биноҳои муосири пойтахти азизамонро аксбардорӣ намудааст. Ӯ фоторепортажи худро таҳти унвони «Шоми Душанбе» дар сомонаи ин Агентӣ интишор намудааст, ки пешкаши хонандагон менамоем.

Октябрь 25, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд