Тӯра Яҳёев: «Пахтаҳои боқимондаро бояд сари вақт ҷамъоварӣ кард, зеро тирамоҳи имсола сербориш ва зимистон сард меояд»
ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тирамоҳи имсола назар ба солҳои гузашта сард омад, ки ин ҳолат сабаби нигаронии деҳқонон гаштааст. Зеро паст фаромадани ҳарорати ҳаво ба зироати деҳқонон таъсири манфӣ расонида, ба буҷаи оилаи онҳо зарар ворид мекунад.
Боришоте, ки ҳафтаи гузашта ба амал омаданд, ба зироати пахта ва инчунин дигар зироат бетаъсир намонд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба ин масъала бо мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯра Яҳёев суҳбат намуд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, боришот ва ҳавои сарди ҳафтаи гузашта ба зироати пахта ва сифати он таъсир расониданд. «Ҳарчанд ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 2 чиниши пахта гузаронида шудааст, вале дар баъзе хоҷагиҳо пахтаҳои ҷамъоваринашуда зиёд ба чашм мерасанд. Бояд гуфт, ки зери борон мондани ҳосил ба сифати он таъсир расонида, сабаби бо нархи паст ба фурӯш рафтани пахта мегардад. Яъне, агар корхонаҳо то боришот пахтаро бо сифати якум қабул мекарданд, баъди боришот сифати он паст шуда, он аллакай бо сифати дуюм ба фурӯш меравад»,-иброз дошт олими тоҷик.
Ба гуфтаи Тӯра Яҳёев, то ҳол зиёда аз 70 фоизи ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, кишоварзон кӯшиш доранд, ки зироати боқимондаро низ сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон аз даҳаи дуюми моҳи август оғоз шуда, деҳқонон қариб чиниши пахтаро ба анҷом расонидаанд. Вале дар водии Ҳисор ва қисман вилояти Суғд ҳосили ҷамоваринашуда тахминан 30 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки деҳқонон набояд аз ин гуна ҳолат рӯҳафтода шаванд, балки аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ самаранок истифода карда, бояд ҳарчи зудтар ҳосили боқимондаро ҷамъоварӣ намоянд. Чунки барои ҳар як кӯраке, ки ҳаст, қувваи корӣ ва маблағ сарф шудааст ва деҳқонон бояд аз маблағи фурӯши он даромад ба даст оранд.
«Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати дигар борон барои намнокии замин фоидаовар буда, имкон фароҳам меорад, ки замини бехи пахтаҳо нам гашта, кӯракҳои боқимонда шукуфанд. Зеро аксар вақт заминҳои пахта тавассути пойгоҳҳо об монда мешаванд ва аз камии намнокӣ кӯракҳо сари вақт намешукуфанд. Ҳоло кишоварзонро зарур аст, ки пахтаҳои боқимондаро низ сари вақт ҷамъоварӣ кунанд, зеро тибқи маълумоти обу ҳавошиносон, тирамоҳи имсола сербориш ва зимистон сард меояд»,- мегӯяд мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон пахта боигарии давлат ба ҳисоб меравад. Масъулини соҳаи кишоварзӣ ба нақша гирифтаанд, ки дар Тоҷикистон сол аз сол истеҳсоли пахтаро зиёд кунанд.
Тӯра Яҳёев иттилоъ дод, ки майдони кишти пахта дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017 қариб 11 ҳазор гектар зиёд шудааст. Агар соли гузашта дар 174 ҳазор гектар чигит кишт шуда бошад, имсол он зиёда аз 185 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Мо истеҳсоли пахтаро бояд аз ҳисоби майдон ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ зиёд кунем. Имрӯз хоҷагиҳо то 20-25 сентнер ва ҳатто хоҷагиҳои фермерӣ то 40-45 сентнерӣ ҳосили пахта мегиранд ва барои аз ин хам зиёдтар ҳосил гирифтан кӯшиш доранд.










Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






