ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2018 аст

Октябрь 16, 2018 08:00

16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

***

4 сол пеш, 16 октябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

16 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

 ***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

РӮЙДОДҲО:

16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

***

16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуданд.

***

95 сол муқаддам, 16 октябри соли 1923 ширкати кинои Уолт Дисней таъсис ёфт.

***

16 октябри соли 1964 Чин нахустин озмоиши яроқи ҳастаӣ гузаронд.

***

Дар ин рӯзи соли 1942 бар асари тӯфон дар Бенгалия (Ҳиндустон) 40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

16 октябри соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 шумораи нахустини рӯзномаи «Moscow News» ба забони англисӣ  нашр гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Октябрь 16, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш