ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2018 аст
2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» мақола нашр намуд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекард.
***
5 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Германия Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.
2 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат.
***
Рӯзи ҷаҳонии табибон.
***
Ганди Ҷаянти — зодрӯзи Махатма Ганди.
РӮЙДОДҲО:
2 октябри соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд калонтарин (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
2 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.
***
4 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
2 октябри соли 2005 Италия бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии спиртӣ пас аз манъ кардан дубора роҳандозӣ шуд.
***
2 октябри соли 2002 дар Япония бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби«Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни-Нуъмон» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
***
Соли 1987 дар Шабакаи аввали телевизиони марказии Россия барномаи нахустини «Взгляд» ба эфир баромад.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад