ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, панҷшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2018 аст
25 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор доштанд. Ин сафар баъд аз 5 соли боздиди қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар, ки моҳи апрели соли 2005 сурат гирифт, дар муносиботи дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари дўсту ҳамсоя ва ҳамзабон саҳифаи нав боз намуд.
***
6 сол пеш, 25 октябри соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии худ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
25 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.
***
Рӯзи гумрукчиён дар Федератсияи Россия.
РӮЙДОДҲО:
25 октябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
57 сол муқаддам, 25 октябри соли 1961 унвони «Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон» таъсис ёфт.
***
25 октябри соли 1963 қисми аввали китоби «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.
***
25 октябри соли 1990 аввалин барномаи телевизионии «Поле чудес»- и Влад Листев пахш гардид.
***
9 сол қабл, 25 октябри соли 2009 дар Бағдод калонтарин ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок шуданд.
***
25 октябри соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин Театри миллии шоҳӣ кушода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2001 системаи Microsoft Windows XP ба истифода дода шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.