ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2018 аст

Октябрь 8, 2018 08:21

8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

***

5 сол пеш, 8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар маркази ноҳияи Ванҷ толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст.

8 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи кишоварзон ва кормандони хоҷагии деҳқонӣ.

***

Дар ИМА- рӯзи миллии кӯдакон.

РӮЙДОДҲО:

8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.

***

8 октябри соли 2016 масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

***

92 сол муқаддам, 8 октябри соли 1926 бори нахуст дар ҷаҳон дар радио аз ҷараёни бозии футбол гузориш пахш гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар ИМА аввалин ҳабсхонаи занона кушода шуд.

***

8 октябри соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.

***

8 октябри соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Султони заҳмат» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 зани англис Элен Джоэл аввалин бонуе гардид, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ ғолиб омад.

 ***

Соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Октябрь 8, 2018 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад