ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2018 аст

Октябрь 9, 2018 08:00

9 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао масоили гуногуни хамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

9 октябри соли 2013 дар Маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.

9 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии почта.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ ва бартарафсозии он.

***

Дар Япония рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

***

Дар Озарбойҷон рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

  9 октябри соли 2013 дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт.

***

9 октябри соли 1874  рӯзи таъсиси Шӯрои ҷаҳонии почта ба шумор меравад.

***

16 сол қабл, 9 октябри соли 2001 дар Миср баландтарин пули овезон сохта шудааст.

***

9 октябри соли 1991 ҷоизаи Букери Россия барои беҳтарин роман бо забони русӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2006 дар Антверпена дар музояда калонтарин алмос, ки дар 13 соли охир аввалин бор  ёфт гардид, фурӯхта шуд.

***

9 октябри соли 2009 дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон  беш аз 100 нафар захмӣ гашта,  тақрибан 50 нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2009 Президенти вақти ИМА Барак Обама сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

 ***

Соли 1963 дар Италия дар натиҷаи вайрон шудани сарбанд ҳудуди 2 ҳазор сокинони шаҳри Беллуна ба ҳалокат расиданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Октябрь 9, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш