Табибон ва беморони Хоруғ аз таҷриба, ташхис ва табобати духтурони варзидаи Швейтсария баҳра мебардоранд

Октябрь 8, 2018 13:03

ХОРУҒ, 8.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон ва Фонди Швейтсария оид ба рушд панҷ нафар табибони ин кишвар ҳамроҳ бо ҳамкасбони маҳаллии худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҳафта боз беморонро муоина ва табобат доранд. Сардухтури беморхонаи шаҳри Хоруғ Саидбек Давлатбеков гуфт, ки мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани дониши назариявию амалии табибони маҳаллӣ мебошад. Муҳлати лоиҳаи мазкур панҷ сол буда, маҳали тадбиқи он шаҳрҳои Хоруғ ва  Душанбе интихоб шудааст.

Президенти гурӯҳи ҷарроҳони Швейтсария Андре Родсел баён дошт, ки «ин сафари аввалини ман ба шаҳри Хоруғ нест. Қаблан низ ба ин шаҳри зебо сафар карда будам ва роҷеъ ба тибби муосир бо табибони маҳаллӣ мубодилаи афкор карда, дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ ширкат доштам. Табибони маҳаллӣ дорои донишу таҷрибаи кофӣ ҳастанд ва аз ҳамтоёни хориҷии худ ҳеҷ камӣ надоранд. Фарқ фақат дар ин аст, ки табибони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Швейтсария  ба  таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештар доранд. Яке аз мақсадҳои дигари барномаи мазкур ба қадри имкон таъмин кардани беморхонаҳо бо чунин таҷҳизот ва тарзи истифодаи он мебошад. Имсол ҳам чанд намуди таҷҳизоти тиббиро ба ихтиёри табибони беморхонаи шаҳри Хоруғ гузоштем».

Дар доираи сафари Фонди швейтсарии рушд табибони беморхонаҳои мухталифи ин кишвар дар дастрас кардани ин таҳҷизоти тиббӣ саҳм гузоштанд.

Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи мазкур Саидбек Давлатбеков, «давоми як ҳафтаи охир табибони маҳаллӣ ҳамроҳ бо ҳамкасбони хориҷӣ даҳҳо нафар беморонро ройгон ташхис намуда,  ду амалиёти мураккаби ҷарроҳиро муваффақона анҷом доданд. Ба ҳайати ин гурӯҳ  ҷарроҳон, анестизиологҳо, табибони бемориҳои занона, уролог, радиолог ва онколог шомил мебошанд, ки собиқаи кориашон аз 6 то 13 сол мебошад.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи фонди Швейтсария дар соҳаи тиб фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз намуда, панҷ соли оянда ин ҳамкориро идома медиҳад.

Октябрь 8, 2018 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст