Таъмини аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби нӯшокӣ беҳтар мегардад
ВОСЕЪ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи давлатии фаръии «Обу канализатсия»-и ноҳияи Восеъ яке аз корхонаҳои ҳаётан муҳим ба шумор рафта, ба 20 ҳазору 166 нафар аҳолии шаҳраки Ҳулбук, 30 ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ва зиёда аз 75 ташкилоти худмаблағгузору хусусӣ хизмат мерасонад.
Тавре директори КФД ноҳияи Восеъ Сафаралӣ Мардонов иттилоъ дод, корхона дар нуҳ моҳи соли равон мувофиқи нақша 423 ҳазор м3 оби нӯшокӣ истеҳсол намуда, аз ин 350 ҳазору 300 м3 ба аҳолӣ, 30 ҳазору 600 м3 ба ташкилотҳои буҷавӣ, 3 ҳазору 600 м3 ба ташкилотҳои худмаблағгузор дастрас карда шудааст.
Нақшаи даромад дар 9 моҳи соли 2018 332 ҳазору 100 сомониро ташкил менамояд, ки пурра иҷро карда шудааст.
Бояд гуфт, ки маҳаллаҳои шаҳраки Ҳулбуки ноҳия аз 6 чоҳи амудӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд. Чоҳҳо дар чуқурии аз 90 то 110 метр канда шуда, насосҳои ЭСВ — 12-250/35 ва ЭСВ -10-160/90 васл карда шудаанд. Муддати 2-3 соли охир насосҳо умуман иваз карда нашудаанд, ки ба таъмир ва иваз намудан ниёз доранд. Сол аз сол дар шаҳраки Ҳулбук маҳаллаҳои нав, ташкилоту муассисаҳои хурду хусусӣ ташкил шуда истодааст, ки қудрати лоиҳавии чоҳҳои амудӣ нокифоя мебошад.
Дар 9 моҳи соли равон аз тарафи гурӯҳи садамавӣ 28 адад садамаҳои хати оби нӯшокӣ бартараф карда шуда, насосҳои обкашӣ 17 маротиба таъмир карда шуда, 8 маротиба муҳаррики барқии насосҳо аз сари нав бастабандӣ карда шудаанд. Трансформаторҳои ТМ-250-и иншооти обтаъминкунии «Учхоз» аз нав бастабандӣ карда шуда, ба истифода дода шуданд. Барои сарфа намудани оби нӯшокӣ ва беҳуда ҷорӣ нашудани он дар маҳаллаҳои шаҳрак 12 адад ҷумакҳои нав) насб карда шуд. То охири сол 4 деҳаи навбунёд дар Ҷамоати Тугарак ба оби нушокӣ таъмин мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






