Таъмини амнияти ғизоӣ- ҳадафи асосии Тоҷикистон. Ба Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ бахшида мешавад

Октябрь 16, 2018 15:46

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Кӯдаконе, ки дар муҳити камбуди ғизо умр ба сар мебаранд, онҳо аз ҷиҳати рушду инкишофи зеҳнӣ нисбат ба ҳамсолоне, ки дар онҳо камбуди ғизо ба назар намерасад, қафомондатаранд.  Ҳамаи инро ба инобат гирифта, 16 октябри соли 1979 дар конфронси озуқаворӣ ва ташкилоти кишоварзии СММ ФАО 16 октябр Рӯзи байналмилалии озуқаворӣ эълон гардид. Шурӯъ аз он сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санаро пайваста ҷашн мегирад. 

Мақсад аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки  барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо кӯшиш намоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.

Бо мақсади  таъмини амнияти озуқаворӣ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи 4 мақомоти давлатӣ: Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи сардори таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобозода, имрӯз Кумита тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро  ба сомон расонидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар тамоми сайёраи замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд, ки бартараф намудани ин мушкилӣ кӯшиш ва заҳматҳои зиёдеро  аз ҷониби ташкилотҳои ёрирасон талаб мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ буда, 20 фоизи он барои захира  басанда бошад. Дар ҳолати нарасидани маҳсулоти дохилӣ давлат ё аҳолӣ қудрати харидории ин намуди маҳсулоти хўрокиро бояд аз дигар кишвар дошта бошанд.

Ҳамчунин пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ низ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, он бар уҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст.  Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ гуфтанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар менамояд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Зеро соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.

Ба иттилои Бобоҷон Бобозода, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 45-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023», барнома, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он ва дурнамои манбаҳои маблағгузории барномаро таҳия намудааст, ки он баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ҳоло он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Таҳияи Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 16, 2018 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид