«ТИЛЛОИ САФЕД»– БА ВАТАН! Дар майдонҳои пахтаи вилояти Суғд 60 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардид

Октябрь 2, 2018 17:29

ХУҶАНД, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Беш аз 20 рӯз мешавад, ки дар ҳафт ноҳияи пахтакори вилояти Суғд чиниши пахта муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии вилоят, то 1 октябри соли равон пахтакорони вилоят 49254,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 37,9 фоизи нақшаи солона баробар аст.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар маркази маъмурии Суғд- назди майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и шаҳр бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбасти давраи аввали 20- рӯзаи мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта доир гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, дар 20-рӯзаи аввали пахтачинӣ дар сегонаи пешқадам пахтакорони шаҳри Конибодом (51,9%) ва ноҳияҳои Мастчоҳу (44,2%) Бобоҷон Ғафуров (42,6) қарор дошта, дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки соли ҷорӣ бо назардошти аҳамияти стратегӣ доштани пахта майдони умумии он дар вилоят қариб 7 ҳазор гектар зиёд карда шуда,  соли равон истеҳсоли 130 000 тонна пахта дар назар аст.

Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки баҳри сари вақту беталаф ҷамъоварӣ намудани «тиллои сафед» дар майдонҳои пахтаи вилоят 60 рӯзи меҳнати зарбдор эълон карда шавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба шарафи ғолибон «Парчами шараф» барафрохта шуда, ба онҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Октябрь 2, 2018 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд