«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ИМКОНИЯТҲО». Таҳти ин ном дар Брюссел Ҳамоиши сармоягузорӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел, пойтахти Белгия Ҳамоиши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: кишвари имкониятҳо» баргузор шуд. Дар Ҳамоиши мазкур намояндагони воломақоми идораҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо, масъулони мақомоти кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мухталиф ва доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО-и Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
Чорабинии фавқуззикрро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ифтитоҳ намуд ва ба ҳозирин дар бораи пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар, бахусус бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии он иттилоъ дод. Имконоти сармоягузории кишвар ва муҳимтарин бахшҳои сайёҳию барои сармоягузори ҷолиби Тоҷикистон ба ҳозирин, аз он ҷумла намояндагони ширкатҳои мухталифи сайёҳию тиҷоратии кишварҳои зери назар расонида шуд.
Аз ҷумла, зимни суханронии Намояндаи доимӣ иттилои муфассал оид ба лоиҳаҳои бахшҳои сармояталаби кишвар, аз қабили имкониятҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, маъданҳои табиӣ, кишоварзӣ, тавлиди доруворӣ дар шакли рӯнамоӣ манзур гардид.
Намояндаи доимӣ ва маърӯзачиён дар мавзӯи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуда, дар робита ба тағйироту таҳаввулоти дар фазои сармоягузории кишвар ба амаломада ва имтиёзоти сармоягузорон ибрози андеша намуданд ва зарурати ҳамкории босамар бо Тоҷикистонро таъкид доштанд.
Як қисмати муҳими чорабинӣ, ки ба эълон шудани Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бахшида шуда буд, мавриди таваҷҷуҳи амиқи ширкаткунандагони Ҳамоиш гардид. Бахусус, ба намоиш гузоштани мусаввараҳои рассоми тоҷик Қодир Раҳимов, пешниҳоди навори видеоӣ дар бораи манзараҳои дилчаспу нотакрори сайёҳии кишвар ва сӯзаниҳои ҳунармандони тоҷик ҳозиринро ба ваҷд оварданд.
Меҳмонони Ҳамоиш таъкид карданд, ки ошноӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва табиати дилпазири он имкониятеро барои боздид аз кишвар ва ҳамкорӣ бо он фароҳам меорад.









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






