«ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: БО РОҲИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе намоиши таърихӣ-ҳуҷҷатӣ бахшида ба таърихи муносибот миёни ду давлат ва мардумони онҳо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 31.10.2018./АМИТ «Ховар»/. 21-22 ноябр дар шаҳри Душанбе намоиши таърихӣ—фарҳангии «Тоҷикистон-Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба таърихи муносибатҳо миёни ду давлат ва мардумони онҳо бахшида шудааст, баргузор мегардад.
Имрӯз таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки намоиш дар он баргузор мешавад, ҷамъомади Гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳим доир гардид.
Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг, Осорхонаи миллӣ ва Сарраёсати бойгонӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳо ва идораҳои марбутаи Федератсияи Россия масъули омодасозӣ ва баргузории намоиши мазкуранд.
Намоиш 22 ноябр дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ходимони машҳури илму фарҳанги ду давлат ифтитоҳ меёбад. Дар ин маросим паёмҳои шодбошии Президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Россия Владимир Путин ба иштирокдорон ва меҳмонони намоиш расонида шуда, инчунин китоб-феҳраст бо фарогирии пурраи номгӯи нигораҳои намоиш муаррифӣ мегардад.
Дар доираи намоиш конференсияи илмии байналмилалӣ бахшида ба 110-солагии академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз замони барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Россия — 8 апрели соли 1992 наздик ба 200 шартномаи байнидавлатӣ ва созишномаҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун ба имзо расидаанд. Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ байни Тоҷикистон ва Россия (соли 1993) ва «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда (1999) ҳуҷҷати сиёсии заминавӣ ба ҳисоб меравад.
Аз моҳи марти соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ амал мекунад. Ҷаласаи 15-уми он 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардид. Тоҷикистон ва Россия ҳамчунин дар доираи ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамоянд.








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






