То соли 2030 ҳар як ҷавон бояд бо таҳсили босифат, касбомӯзӣ ва шуғли муносиб таъмин шавад

Октябрь 26, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Тоҷикистон озмуни тарҳрезии лоиҳаҳо миёни ҷавонони эҷодкору навовар оғоз шуд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсади асосии он  беҳтар кардани таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои насли ҷавон мебошад. Дар ин бора масъули равобити Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Шуҳрат Шарифов ба АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун ҷавонон ва наврасони аз 15 то 24-сола  метавонанд иштирок намоянд. Инчунин онҳо имкон доранд дар шакли гурӯҳӣ иборат аз 3 то 5 нафар муттаҳид шуда, ба сомонаи Озмоишгоҳи инноватсионӣ – www.navovar.tj дархости онлайнии иштирок дар ин озмунро фиристанд.

Ба гуфтаи Шуҳрат Шарифов, иштирокчиён метавонанд лоиҳаҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили ҷойдошта дар ду самт:   «дастрасӣ ба донишу малакаро барои ҷавонони дорои маъюбият ва ҷавонон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ  чӣ гуна метавон беҳтар кард?» ва  «чӣ гуна омодагии ҷавонони Тоҷикистонро ба талаботи муосири бозори меҳнат метавон беҳтар кард?» пешниҳод кунанд.

Баъд аз даври интихобии озмун нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар Озмоишгоҳи инноватсионии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён тренинги омӯзишию амалӣ бо истифода аз усули «ПЕШСАФ» (UPSHIFT) гузаронида шуда, дар ҷамъбасти чорабинии мазкур 5 лоиҳаи беҳтарин интихоб мегардад, ки  раванди татбиқи онҳо маблағгузорӣ ва роҳнамоӣ хоҳад шуд.

Ташаббуси  ҷаҳонии «Насли имконоти номаҳдуд» дар 16 мамлакати  ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ мешавад. Баҳори  соли 2019 лоиҳаҳои интихобшуда аз 16 кишвар бо мақсади муайянсозии пешниҳодҳои беҳтарин мавриди баҳодиҳии ҳайати коршиносони байналмилалӣ қарор мегиранд. Ин лоиҳаҳо бо маблағгузории иловагӣ таъмин шуда, барои татбиқи васеи онҳо барномаи инфиродии роҳнамоӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳадафи асосӣ то соли 2030 бо таҳсили босифат, касбомӯзӣ ва шуғли муносиб таъмин кардани ҳар як ҷавон мебошад.

 

Октябрь 26, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад