Ҳунармандони Сирки Россия бо барномаи наву рангини ҳунарӣ ба Тоҷикистон меоянд

Октябрь 19, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати ҳунарии сирк расонида мешавад, ки 27 октябри соли равон ҳунармандони Сирки Россия бо шоу-барномаи рангини «Драйв» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре масъули барномаи ҳунарии Сирки Россия Виталий Ковалёв ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барномаҳои онҳо 28 октябр дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Ба таъкиди мавсуф, мухлисони ин навъи санъатро барномаҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.

«Ҳунарпешагони Россия барои мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангин омода намудаанд, ки ба он бозиҳои миллии испанӣ, бозӣ бо чархофалакҳо ва дигар барномаҳои диданӣ ворид гардидаанд»,-иброз дошт Виталий Ковалёв.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур ҳамчунин бозӣ бо аспҳои шотландӣ ва ҳунарнамоии  гимнастҳои ҳавоӣ,  дорбозҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо дохил мешавад.

Дар ин барнома ороиши саҳна ва мусиқӣ бо усули хосса интихоб шуда, табъи ҳозиринро болида мегардонад.

Намоишҳои аввалин 28 октябр соатҳои 12.00 ва 16.00 баргузор мешаванд.

Арзиши чипта аз 30 то 80 сомониро ташкил дода, даромад барои кӯдакони то 3-сола бо шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ҳамкории Сирки давлатии Тоҷикистон бо ҳунармандони сиркҳои кишварҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, пешниҳоди омаду рафт ва таҳияи барномаҳои ҷолиб миёни ҳам беҳтар мешавад. Аз ҷумла, намоиши барномаҳои сиркбозони тоҷик хеле ҷолиб гардида, сафарҳои кории онҳо ба хориҷи дуру наздик афзудааст.

Октябрь 19, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд